Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
мегирем. Вақте ки Сарвари давлат айнан иҷрои онро ба мо таъкид намуданд, инро ниҳоят фоли нек ҳисобида, ба зудтарин фурсат ҳамин корро анҷом додем ва имрӯз натиҷаи судманди ин супоришро дидем, ки дарёи Вахш дар сатҳи ҳозира хеле боло мешуд. Вале ҳоло сатҳи рӯд тақрибан се-чор метр паст гардидааст.
Воқеаи муҳимтарини дар сохтмони неругоҳи Роғун он буд, ки Пешвои муаззами миллат ҳамчун паҳлавони афсонавӣ омада, бо дастони қавиашон булдозерро идора намуданд ва маҷрои рӯди Вахшро тағйир доданд ва бо булдозер аз соҳили чап ба соҳили рост гузаштанд. Анҷоми ин кори бузург муъҷизаро шабоҳат дошт ва он дар диёрамон рӯҳбаландии беназири маънавию меҳнатиро ба амал овард...
Имрӯз ҳар як сокини хурду калони ҷумҳурии азизамон хурсанду мамнун ҳастанд, ки бо ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ду чархаи аввалини Неругоҳи барқи обии Роғун фаъолият карда, Тоҷикистони маҳбубро нурборон менамоянд.
РОҲИ «НУРАФШОН»
Ин воқеа соли ҳаштоду ҳафти асри гузашта ба вуқӯъ пайваста буд. Чи тавре ки маълум аст, дар ин айём неругоҳи барқи обии Роғун бо ҷӯшу хурӯш бунёд мегардид. Вусъати корҳои сохтмон аз он ҷиҳат ба авҷи аъло расида буд, ки марҳилаи тағйири маҷрои рӯди пуртуғёни Вахш ҳамвора наздиктар меомад. Писарому духтарони деҳоти атроф сайъ доштанд, то дар ин ҷавлонгоҳи ҷавонӣ неруи дастону бозувон, қудрати ақлу фаросат ва ҳунару маҳорати хешро нишон диҳанд. Ва ба ҳамин минвол дар сохтмони умумихалқӣ саҳме гузоранд.
Амрулло, ки зодаи шаҳраки Оби Гарм аст, соли ҳаштоду як, мактаби миёнаро хатм намуда, дар факулраи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё