Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Пешвои муаззами миллат ҳамеша тамоми нуқтаҳои кори неругоҳро дидан карда, бо коргарому мутахассисон суҳбатҳои хотирмон менамоянд. Ман ҳар як дақиқаю соати сафарҳои кории Пешворо дар хотир дорам, аз рӯйи он нақшаи фаъолият мураттаб кардаам. Аз ҳар ҳидояте, ҳар сухане, ки барои пешравии кори неругоҳ мекарданд, маълум буд, ки Сарвари давлат донандаи хубтарини сохтмон ҳастанд. Он кас бо ин қадар масруфияти корҳои давлатдорӣ, аз ҳама камию костагиҳои сохтмони Роғун хабардор ҳастанд, яъне ҳамеша аз ҷараёни кор огаҳанд ва дар фикри беҳбудии фаъолияти бунёдгарон мебошанд. Маслиҳатҳои бисёр хуби ҳам падарона, ҳам роҳбаронае, ки ба мо додаанд, машъали фурӯзони фаъолиятамон гардидаанд. Дар ҳар сафарашон аз пойгоҳи истеҳсолии Сичароғ то сохтмони садди сойи Оби Шӯр ҳамаи минтақаҳоро дида, маслиҳатҳои судманд ироа намудаанд. Аз чеҳраи шукуфони Пешвои миллат аён мегардид, ки аз рафти корҳои сохтмон розӣ буда, ҳар лаҳза таъкид менамуданд, ки дар кор бисёр ҷиддӣ бошем ва ҳар як супоришу вазифаро бо сифати олӣ иҷро кунем.
Дар минтақаи обқабулкунаки неругоҳ як гардиши зонушакле ҳаст, ки қисмати он васлнашуда монда буд. Онро коргарон пайванди тиллоӣ меноманд. Ҷаноби Олӣ бо дастони муборакашон асбобро гирифта, ҳамон пайванди тиллоиро худашон кафшер карданд ва ин дар таърихи сохтмон лаҳзаи нотакроре буд.
Сардори давлат дар бораи иншооти сойи Оби Шӯр як пешниҳоди муҳиме намуданд. Вақте ки ба сой наздик шудем, он кас ба дасташон ишора карда, гуфтанд, ки агар пешгаҳи он кӯҳро андак ҳамвор намоем, хатари дами Вахшро гирифтани сойи Оби Шӯр камтар мешавад.
Воқеан мо дар ҷаласаи техникии ҳафтае қабл баргузорнамудаи хеш оид ба ҳамин масъала муҳокима ронда будем. Ва он рӯз ба хулоса омадем, ки ҳамин нуқтаро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё