Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ТаърихМаърифатҶомеа
Аз аввал хондан

дар «Рӯзномаи модар» мухтасаран қайд мекардем. Ва онро бо навбат ба модар мехондем. Модарамон бо диққат гӯш карда, мувофиқи мавзӯъ саволҳо медод. Баъзе шеърҳои пандомӯзи бузургони халқамонро мефармуд, ки дар ин рӯзномаамон нависем ва онҳоро аз бар намоем. Рӯзи дигар модар ҳатман мепурсид, ки мо он шеърро аз ёд кардаем ё не. Боре модарам ба ман гуфт, ки шеъри зерини устод Абуабдулло Рӯдакиро дар рӯзномаи худ нависам.

Замона гуфт маро хашми хеш дор нигоҳ,
Киро замон на ба банд аст, пой дар банд аст.

Модар бисёр нуктаҳои панду насиҳатро ҳам бо забони худ ҳикоя мекард ва мо онҳоро дар саҳифаҳои рӯзномаамон менавиштем ва пас гаштаю баргашта қироат менамудем. Он шеърҳо ва он пандҳо, ки модар мегуфт, дар ёдам абадӣ нақш бастаанд.

Бо мурури солҳо инчунин рӯзноманигорӣ ба мо одат шуд ва ман то алҳол лаҳзаҳои муҳими ҳаёти худро дар рӯзномаам сабт мекунам.

Модар ба мо, фарзандон насиҳат менамуд, ки дар ҳар ҷое кор бикунему чун соҳиби вазифае бишавем, бештар бар он бикӯшем, то аз худ осори неке бигузорем.

Камина хушбахтам, ки вақти раиси шаҳри Норак буданам ба зудтарин фурсат бо мардуми шарафманди ин шаҳр, ки бунёдгарони неругоҳи бузурги ҷумҳурӣ ҳастанд, якҷоя кор карда, Норакро ба як шаҳри намунавии Тоҷикистон табдил додем. Ҷашни 50-солагии ин шаҳри таърихиро ба таври шоиста таҷлил намудем, ба ин муносибат якчанд филми мустанад, китоби ёддоштҳо таҳия кардем. Китоби ашъори Мухаррами Сорбонзодро интишор додем. Як минтақаи шаҳрро, ки дар байни тангнои поёнӣ ва то наздикии ошхонаи «Эделвейс» воқеъ буд, ба ҷои хушманзара ва сабзу хуррам мубаддал намудем, ки ҳоло сокинон онро Гулгашти Мусалло ном мебаранд.

пешина
аз 216
навбатӣ