Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
ба лоиҳа ворид шуда тавонистан, конструкцияро ҳис кардан, баъд нисбати он қарори саҳеҳ қабул намудан зарурат пеш меояд. Хушбахтона, ҳамин хислат дар ниҳоди Хайрулло Сафарзода бениҳоят табиӣ ва устувор аст. Ҳолатҳои гуногунро бисёр саҳеҳ мефаҳмад. Конструксия дар қоғаз аст ва он зинда мебошад. Вақте ки баҳси фаннӣ мешавад, он ҷо дарки тахассусӣ дар асоси дониши назариявӣ ва амалӣ рост меояд.
Бисёр шоиста аст, ки Ҳ. Сафарзода бо маърифати баланди техникӣ ин радду бадалҳоро дақиқан дарк менамояд ва хулосаи саҳеҳ бароварда метавонад.
Агар Хайрулло Амиралӣ ҷасорати роҳбарии чунин сохтмони бошаҳоматро намедошт, кӣ медонад, ки он асбоби ниҳоят зарур кай оварда мешуду кай дар истифодаи сохтмони неругоҳи Роғун қарор мегирифт? Ҳол он ки ҳолати деворҳои толори мошинҳо ва дигар минтақаҳоро низ зери назорат гирифтан ба таври фавқулодда зарурат дорад.
Дар боло ҳисоли тамкини фитрӣ доштани Хайрулло Сафарзодаро ишорат намудем. Ин хислати ҳамида ба шарофати тарбияти модари ғамхор ба ӯ муяссар гардидааст.
Вай дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Онҳо дар хонадон чор писар ва чор духтар ба камол расидаанд. Ҳама соҳиби маълумоти олӣ – чор нафар ҳар яке се дипломи мактаби олӣ ва чор нафари дигар ҳар яке ду дипломи мактаби олӣ доранд.
Хайрулло Амиралӣ мактаби миёна ва Донишгоҳи техникиро бо дипломи аъло хатм намуда, сипас дар риштаи иқтисод ҳам соҳиби тахассус гардидааст.
- Дар солҳои мактабхонӣ мо бародарону хоҳарон ба ғайр аз рӯзномаи талабагиамон бо супориши модар рӯзномаи алоҳидаи савод ва тарбия доштем, - айёми наврасиро ба ёд меорад Хайрулло Сафарзода, - онро «Рӯзномаи модар» мегуфтем. Ҳар сабаки аз фанҳои гуногун омӯхтаамонро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё