Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

мошин ва булдозери болои сарбандро ба тарафи нақби Т-7 ҳай кунанд. Бисёр нақбҳо аз таъсири обҳои сой резиш карда буданд.

Гирду атрофи сарбанд тамоман торик шуд, зеро симҳои интиқоли барқ гусаста гашта, барқро қатъ карда буд. Гоҳ-гоҳе тундар замину замонро ба сонияе равшан мекард. Шаби нӯҳуми май соати дую панҷ дақиқа фишори дарё ва сойи Оби Шӯр ба сарбанд ба нуқтаи олӣ расид ва он ба ин ҳама қудрати аҳриманӣ тоб наоварда оқибат футур рафт... Футур рафт он ҳама умедҳо, заҳматҳо, ҷоннисориҳои тӯлонӣ...

Нақбҳои якум ва дуюми сохтмонӣ пури обу гил шуда буданд, зеро дар чанд ҷои онҳо резиш ба амал омаданд. Обу гил ва сангу шагал ба якчанд нақби дигари нақлиётӣ низ дохил шуда, лабрез гардида буд. Кӯпрукҳои дуюму сеюмро об барканда, бо мавҷҳои худ дарҳам кашид. Чун сапеда дамид, одамон аз сарбанди чихилу семетра ному нишон наёфтанд. Заҳматҳои ҷонқоҳи тӯлонии бинокорон, механизаторон, муҳандисон ба арзи чанд соате тӯъмаи обҳои дарё ва сойи Оби Шӯр гардида буданд.

Акнун борон намеборид, дарё ҳам нисбатан оромона ҷорӣ мешуд ва аз дагдагаю гирев ва ҷаҳишҳои сойи Оби Шӯр низ осоре наменамуд. Обе, ки ҳоло дар ин сой ҷараён дошт, ба зонуи одамӣ мерасиду бас. Гӯё ин ҳама гиреви сойи бадсиришт ва омодаи кирдори зишт ҳамин рӯзҳо харобу валангор кардани нақбҳою сарбанд буду бас...

Хайрулло Сафарзода ин воқеаро хаёлан ҳам пеши чашмонаш таҷассум намуда, хеле тангдил мешуд. «Мо бояд ин саҳвҳоро ҳатман ислоҳ бикунем ва дар кори чунин сохтмон набояд ба хатое роҳ диҳем, - гуфт зери лаб, - он солҳо ҳамкасбони мо аз тарафи ин сой ғорат шудаанд. Лекин худашон ҳам айбдор ҳастанд, ки сари вақт чораҷӯй накардаанд. Ва ин қадар заҳмати ҷонқоҳ ба лаҳзае дар оби хунук рафт. Бояд аввал сойро лаҷому маҳор мезаданд

пешина
аз 216
навбатӣ