Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

МаърифатҶомеаТаърих
Аз аввал хондан

Сарвари давлат бори сеюм ба ноҳияи Мурғоб сафар карда, вобаста ба сохтмони шоҳроҳи Мурғоб-Қулма-Сиёҳсангон ва рӯ ба тараққӣ ниҳодани минтақа бо квотаи президентӣ масъалаи тайёрии кадрҳои маҳаллиро ҳал намуданд. Аз ин ноҳияи дурдаст духтарону писарони зиёд ба мактабҳои олии Тоҷикистон таҳсил доранд. Як теъдоди онҳо таҳсилотро хатм намуда, дар хизмати халқу Ватан камари ҳиммат бастаанд. Гурӯҳи калони фарзандони ноҳия дар таълимгоҳҳои Ҷумҳурии Қирғизистони бародар мехонанд, ки онҳо низ бо квотаи президентӣ ба ин шараф сазовор шудаанд.

Духтари сарбаланди диёри Мурғоб Овагул Ислаева, ки бо квотаи президентӣ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мехонд, таҳсилро ба анҷом расонида, бо табобати беморони ноҳияи худ машғул аст.

Сокинони ноҳияи Мурғоб донистанд, ки ваъдаҳои Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сухан не, балки дар амал буда, воқеияту ҳаққонияти онҳоро бо чашмони худ диданд. Биноан мардум аз ғамхориҳои Сарвари давлатамон хеле миннатдор буда, он касро ҳамчун Роҳбари содиқ, накӯкор, хирадманд ва дурандеш самимона эҳтиром менамоянд...

Боз ҳам суханони муҳандиси эронӣ ба ёд меоянд, ки аз имконоту иқтидори даврони шӯравӣ барои ободонии ҷумҳуриамон нисбат ба ҳамсояҳо камтар истифода бурданамонро мушоҳида карда афсӯс хӯрда буд.

  • Акнун ин ақибмониро Роҳбари донишманди мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бартараф хоҳанд кард, - ба таАССУФИ бародарони эронӣ муҳандиси тоҷик ҳамин тавр посух гуфта буд.

Имрӯз шукрона мегӯем, ки он пешгӯии муҳандиси тоҷик ба воқеият табдил ёфтааст.

Аз замони таъсис гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба арсаи роҳбарии Ватан зуҳур намудани муҳтарам

пешина
аз 216
навбатӣ