Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа
Сардори давлат дар рӯзи эҳё ёфтани иншооти мазкур, яъне 20 майи соли 1999 чунин гуфта буданд:
«Ба нохун бошад ҳам, бояд аз дили санги хоро роҳ кушоем, то дарвозаи вилояти Суғд, ки дар байни Душанбею Хуҷанд қарор дорад, дар чор фасли сол ба рӯйи мардум кушода бошад. Бигузор падарону модарон ва бародарону хоҳарони мо аз азоби баста шудани роҳ дар давоми шаш моҳи барфрезию тармаҳо раҳоӣ ёбанд. Бигузор дарвозаи Зарафшон ва роҳи мошингарди нақби Анзоб кӯпруки заррине гардад, ки чун давоми силсилаи Шоҳроҳи абрешим қисмати шимоли мамлакатро бо пойтахти он бипайвандад. Бигузор рафтуои мардум аз шарофати ин роҳ ба чаҳор самти олам ва саросари Тоҷикистон осону бемонеа гардад».
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақте ки дар Иҷлосияи XVI-и таърихии Хуҷанд Сардори давлат интихоб шуданд, ба халқи азияткашидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхорӣ карданро бо амри дили пок ҳадафи асосӣ, шоҳроҳи ягонаи сиёсии худ қарор доданд. Биноан аз ҳамон минбаре, ки бори аввал ҳамчун Роҳбар суханронӣ доштанд, бо сари баланд изҳор намуданд:
- Ман ба шумо сулҳ меорам! Оташи ҷангро хомӯш месозам! То он даме ки як нафар гурезаи иҷборӣ дур аз Ватан бошад, худро ором намегузорам!
Роҳбари ҷавони кишвари тоҷикон ин суханонро аз мағз-мағзи ҷисму ҷони худ гуфта буданд. Дар ин барномаи нахустини давлатсозии ӯ эҳсоси ҷасорату ғайрати бузург, ғамхории бепоён нисбат ба мардуми кишвар ифода меёфтанд. Метавон гуфтан, ки минбаъд кулли лоиҳаҳои созандагӣ ва бунёдкории ин Родмарди бузург ва соҳибнубуғ бар ду шахсутуни пуркудрат устувор гардиданд: Ҷасорат ва Ғамхорӣ.
Сохтмони нақби Анзоб солҳои ҳаштодуми қарни гузашта шурӯъ гардида буд. Умуман ин сохтмони муҳимро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё