Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

ҶомеаТаърихМаърифат
Аз аввал хондан

Ба ҳамин минвол аз гӯшаю канори гуногуни мамлакат хабарҳои нохуш мерасиданд ва кормандони рӯзнома сайъ меварзиданд, ки дар саҳифаи аввал суханони пандомези бузургони миллатро ҷойгир намоянд. Бошад, ки ин ҳикматҳо ба оташбозон таъсире бубахшад ва ононро андаке нармдилие ато созад.

Чӣ аз оштӣ шодӣ ояд ба ҷанг,
Хирадманд ҳаргиз накушод ба ҷанг!

Дар саҳифаи аввали шумораи дигар ин байти баландмазмунро мутолиа менамоем:

Ба пеши бародар, бародар ба ҷанг
Наояд, агар бошадаш ному нанг.

Байти дигар шумораи навбатии ҷаридаро ороиш медиҳад:

Муроде, ки дар сулҳ гардад тамом,
Чӣ бояд сӯйи ҷанг додан лагом.

Ба ҳамин васила аҳли қалами рӯзнома бо суханони пурҳикмати шуарои қадим дари дили сангини оташбозонро ҷустуҷӯ менамуданд.

Дар шумораи бисту чоруми октябри соли наваду ду Муроҷиатномаи Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Девони Вазирони назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи аввали рӯзномаи «Садои мардум» чоп шудааст, ки басо самикӣ ва таъсирбахш мебошад.

Инак, Муроҷиатнома:
«Бародарон ва хоҳарони азизи тоҷик!
Дар ин дақиқаҳои барои халқи тоҷик вазнин Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Девони Вазирони

пешина
аз 216
навбатӣ