Зеҳн
Нурофарин

Дар ин китоб очеркҳои бадеии проблемӣ ва силсилаи асарҳои публитсистӣ гирд оварда шудаанд. Асар дар бораи воқеаҳои муҳими таърихӣ ва корномаҳои созандаи халқ қисса мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 216 саҳифа

МаърифатҶомеаТаърих
Аз аввал хондан

ва тарбияи фарзандон, балки ба хотири нафъ овардан ба дигарон низ аст. Ин нафъ, пеш аз ҳама нур аст, ки зиндагии касбиву иҷтимоиро ба чашми дигарон равшантар мегардонад.

Забон ва услуби нависанда хеле хуб ва содаву равон аст. Ӯ аз ибораву таъбирҳои халқӣ, амсоли «деви ҳафтодупанҷараи занҷиргусехта», «осиёбони камгапи гаронгӯш», «сойи девонафеъл», «селоби хунмаст», «ноқиди бехудасухан», «нерӯи аҳриманӣ», «як гарам аснод» ва амсоли ин моҳирона кор мегирад, истилоҳоти соҳаи накбканиву бетонрезиро ба мисли «сихи оҳанин» (арматура), «деворҳои бетонии сихдор», «оҳанмеҳ», «тафреҳгоҳ» ба тоҷикӣ истифода мекунад.

Умуман дар маҷмуаи асарҳои публитсистии «Нурофарин» асарҳое ҷой дода шудааст, ки саршор аз аносири публитсистиву бадеӣ буда, бо ғояву мазмуни баланд, дараҷаи таҳқиқу таҳлил ва усули нақлу тарзи тасвир диққати хонандаро ба худ ҷалб мекунанд. Ин асарҳо, ки воқеиёти муҳими ҳаётиро дар иртибот бо кору пайкори одамони баруманд таҷассум карда, ҷанбаи қавии маърифативу тарбиятӣ доранд, барои омӯзиш ва пажӯҳишҳои минбаъда судмандиҳо хоҳанд овард.

Ва ҳаминро низ зикр намуданиям, ки хидматҳои бузурги дар соҳаи публитсистика анҷомдодаи Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазоро ба назар гирифта, яке аз нашрияҳои даврии кишварамон ба муносибати 100-солагии ҷашни Матбуоти Тоҷик ӯро дар сафи 100 шахсияти таъсиргузори матбуоти тоҷик лоиқ донистааст, ки ин комилан барҳақ аст.

Мурод МУРОДӢ,
профессори ДМТ

пешина
аз 216
навбатӣ