Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ки кас ба манзили мақсуд раҳ намеёбад,
Магар ба саъйи тамому дигар ба азми дуруст.
Ҳар он, ки пои талаб дар тариқи азм ниҳод,
Ба тахтгоҳи бузургӣ расад ба гоми нахуст.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ
Ҳар тарҳ, ки афканӣ чу мардон,
Ҷаҳде бикуну тамом гардон!
Яъне, аламе, ки барфарозӣ,
Бояд, ки дигар нагун насозӣ!
Ҳусайн Воизи Кошифӣ
Мебош ба ҷидду ҷаҳд дар кор,
Домони талаб зи даст магзор!
Ҳар чиз, ки дил бар он барояд,
Гар ҷаҳд кунӣ, ба дастат ояд.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ
Зи ғайрат гар яке мардонагӣ кард,
Ту гўйӣ ҷоҳиле девонагӣ кард.
Магў ҷоҳил, ки ҷои ҳайрат аст ин,
Беҳ аз сад оқили беғайрат аст ин.
Бадриддин Ҳилолӣ
Зи ҳиммат бар сари шерон равад мўр,
Зи ҳиммат нўш гардад неши занбўр.
Бадриддин Ҳилолӣ
Рўзӣ насиби кас ба нишастан намешавад,
Бояд чу осиё зи паи обу дона рафт.
Сайидои Насафӣ
Бе гуфтугўй ризқ муҳайё намешавад,
Ин қулф бе забони талаб во намешавад.
Сайидои Насафӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё