Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ҳар ки ҷўё шуд, биёбад оқибат.
Ҷалолиддини Румӣ
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
Саъдии Шерозӣ
Зи ғайрат ба даст оядат ному нанг,
Зи ғайрат муроди худ орӣ ба чанг.
Саъдии Шерозӣ
Бе азми дурусту саъи комил
Касро нашавад мурод ҳосил.
Саъдии Шерозӣ
Бикўш имрўз, то гандум бипошӣ,
Ки фардо бар ҷаве қодир набошӣ.
Саъдии Шерозӣ
Таваққуъ мадор, эй писар, гар касӣ,
Ки бе саъй ҳаргиз ба ҷое расӣ.
Саъдии Шерозӣ
Мардон ба саъю ранҷ ба ҷое расидаанд,
Ту, беҳунар, куҷо расӣ аз нафспарварӣ?!
Саъдии Шерозӣ
Дар амал кўшу ҳар чи хоҳӣ, пўш!
Саъдии Шерозӣ
Ба кон кандан ояд зар аз кони танг
В-аз ин кон ба ҷон кандан ояд ба чанг.
Касе дорад аз илми олам фароғ,
Гаҳ ў чун қалам хўрд дуди чароғ.
Хусрави Деҳлавӣ
Нашавад мард пухта бе сафаре,
То накўшӣ, набошадат зафаре.
Рукниддини Авҳадӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё