Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Некӣ роҳ ба хонаи соҳиби худ барад.


Некӣ кун, номат дар ҷаҳон монад.

  1. ДИЛ БА ДАСТ ОВАРДАН

Чу ранҷонидани кас ҳаст осон,
Ба даст оварданаш набвад ба-дон сон.
Носири Хусрав

Сад Каъбаи обу гил ба як дил нарасад.
Каъба чӣ равӣ?! Бирав, дилеро дарёб!
Умари Хайём

Ба даст овардани дунё ҳунар нест,
Якеро, гар тавонӣ, дил ба даст ор!
Саъдии Шерозӣ

То дили дўстон ба даст орӣ,
Бўстони падар фурўхта беҳ.
Саъдии Шерозӣ

Аз баҳри дили яке ба даст овардан
Матбўъ набошад дигаре озардан.
Саъдии Шерозӣ

То тавонӣ, диле ба даст овар,
Дил шикастан ҳунар намебошад.
Саъдии Шерозӣ

Дар ҳолати осонӣ дилҳо ба даст ор, то дар ҳангоми душворӣ ба кор оянд.
Саъдии Шерозӣ
Ҳар чи зарур асту чу ҳосил кунӣ,
Беҳ, ки иморатгарии дил кунӣ.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Бигзар аз шеваи дилозорӣ,
Ҷаҳд кун, то диле ба даст орӣ!
Гар тавонӣ, диле ба даст овар,
На ки бар қалби дил шикаст овар!
Бар дили аҳли дил шикаст мадеҳ,
Дил нигаҳ дору дил зи даст мадеҳ!
Ваҳм кун, ваҳм кун, зи дил кун ваҳм,
Ҷои ваҳм аст дил, сухан кун фаҳм!
Камолиддини Биноӣ

Сар чӣ ороӣ ба дастор, эй писар,
Гар тавонӣ, дил ба даст ор, эй писар!


Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.
Ҷалолиддини Румӣ


Дил ба даст ор, то касе бошӣ!

3.ОДАМ ВА ҚАДРИ ОДАМӢ

Ҳар он, к-ў гузашт аз раҳи мардумӣ,
Зи девон шумар, машмараш одамӣ!
Абулқосими Фирдавсӣ

Ҳама судмандӣ зи мардум шавад,
Чу ў гум шавад, некуӣ гум шавад.
Абулқосими Фирдавсӣ

Агар хоҳӣ, ки қадри ту барҷой бошад, қадри мардумони некў бишинос!
Унсурулмаолии Кайковус

пешина
аз 331
навбатӣ