Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Нек кун, то нек пеш ояд туро,
Бад макун, то бад нафарсояд туро!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Роҳату ранҷ чун бувад гузарон,
Ранҷ каш баҳри роҳати дигарон.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абр бояд, ки ба саҳро борад,
З-он чӣ ҳосил, ки ба дарё борад?
Абдураҳмони Ҷомӣ
Некӣ омўз аз ҳама, аз кам зи худ, охир, чӣ айб?
Ростӣ дар ҷадвали заргар зи чўбин мистар аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Гираҳ, то метавонӣ, боз кун аз кори муҳтоҷон,
Чу бекорон ба нохун гардани худро махор ин ҷо!
Соиби Табрезӣ
Некии кас зи кори ў пайдост,
Соли нек аз баҳори ў пайдост.
Камолиддини Биноӣ
Ба некувон некўӣ кун, ки бадкирдорро кирдори бади вай кифоят кунад.
«Кимиёи саодат»
Касоне, ки бадро писандидаанд,
Надонам, зи некӣ чӣ бад дидаанд?
Накўикунандагонро ҳама мардумон дўст медоранд.
Кори некў кардан аз пур кардан аст.
Аз некўкорӣ касе хиҷолат набарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё