Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Асли мардумӣ камозорист.
Унсурулмаолии Кайковус
Мардуми беқадрро зинда машмор!
Унсурулмаолии Кайковус
Некдил бош, то некбин бошӣ!
Унсурулмаолии Кайковус
Ҷуз камозорӣ набошад мардумӣ, гар мардумӣ,
Чун биёзорӣ маро, ё нестӣ мардум магар?
Носири Хусрав
Гурги дарранда надаррад дар биёбон гургро,
Гар ҳаме даъво кунӣ дар мардумӣ, мардум мадар!
Носири Хусрав
Дар замона зи ҳар чи ҷонвар аст,
То нашуд пухта одамӣ, батар аст.
Абдулмаҷди Саноӣ
Гўшт бар гови варза некўтар,
Зинати мард дониш асту ҳунар.
Абдулмаҷди Саноӣ
Ба мардум даромез, агар мардумӣ,
Ки бо одамӣ хў гирифт одамӣ!
Низомии Ганҷавӣ
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,
На ҳамин либоси зебост нишони одамият.
Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гўшу бинӣ,
Чӣ миёни нақши девору миёни одамият?
Хуру хобу хашму шаҳват шағаб асту ҷаҳлу зулмат,
Ҳаявон хабар надорад зи ҷаҳони одамият.
Ба ҳақиқат одамӣ бош, вагарна мурғ бошад,
Ки ҳамон сухан бигўяд ба забони одамият.
Саъдии Шерозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё