Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

О
Оби зери коҳ--ҳила, макр.
Обгина--шиша.
Обистан /обастан—ҳомила шудан.
Овез (кардан)-- ҷанг (кардан), мубориза (намудан).
Одил--рост, саҳеҳ; содиқ, адлпарвар, додгар.
Ожидан/оҷидан—ҷило додан, сайқалӣ кардан.
Ожир—омодагӣ; ҳозир, муҳайё.
Оз--тамаъ, тамаъкор, ҳарис.
Озар--оташ.
Озарм--шарм, ҳаё; раҳм, инсоф, шафқат.
Озмун—имтиҳон; далел, бурҳон, ҳуҷҷат.
Озода--бериё, содиқ; росткор, фозил; покдоман, наҷиб.
Озодагӣ-- халосӣ, озодӣ, соҳибихтиёрӣ.
Оин/ойин-- расм, одоб, одат, тартиб; қонун, дастур, қоида.
Омол--ҷамъи амал, орзуҳо, хоҳишҳо, рағбатҳо.
Ориф--воқиф, доно, огоҳ, боидрок; олим, доно, зирак.
Офот--ҷамъи офат.
Офоқ--тараф, ҷаҳон.
Ошуфтан--изтироб кардан, музтариб шудан, парешон гаштан, шўридан; саросема шудан, мутаҳайир шудан.
Оғолиш--ситеза, тезӣ, тундӣ, ошуфтан.
Оғор--чизи фурўшуда, омехташуда.
Оҳў--хато, гуноҳ, айб, қусур.

П
Падид--ошкор, равшан, зоҳир, ҳувайдо.
Пажўҳидан--таҳқиқ кардан, тафтиш кардан, ҷустуҷўй намудан.
Пазиридан/пазируфтан--қабул кардан, писандидан, гирифтан; қавл додан, иҷобат намудан; иқрор кардан.
Пай—пой, қадам.
Пайгор/пайкор--ҷанг; ҷадал; хусумат.
Пайкон-- нўгтез, найза, тир.
Палашт--нопок, ифлос.
Палоҳанг/полоҳанг--лаҷом, инон.
Парварда—тарбиятгирифта, тарбиятдида.
Пардохтан--фориғ гаштан; ба охир расондан, тамом тарқ
кардан, оростан.
Парниён--матои абрешими хитоӣ.
Пароканда--беҳуда.

пешина
аз 331
навбатӣ