Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Накбат--хорӣ, ранҷ, машаққат, бадбахтӣ.
Найл--туҳфа, ато; ба мақсад расидан.
Наргис--гиёҳи пиёзбуна, ки гули хушбўй ва муаттар дорад.
Накол--ҷазо, уқубат, сазо.
Наммом--суханчин, ғаммоз, хабаркаш.
Нафур--раманда, гурезанда, гурезон.
Нахват--ноз, фахр, такаббур.
Нахл--дарахт.
Нафс—зоту ҳақиқати касе; сиришт; равон, зеҳн.
Наҳиб (ниҳеб)--тарс, бим, таъзил.
Наҷиб--сазовор; муҳтарам; аъло, асл.
Нев--далер, шуҷоъ, диловар.
Некахтарӣ--бахтёрӣ, хуштолеӣ, саодатмандӣ.
Некрой--касе, ки андеша ва тадбири он салоҳ бошад; некфикр, некандеша.
Неру--қувват, тавоноӣ; имкон; эҳтимол.
Неъмат--некӣ, хайр, хубӣ, хушӣ; рўзӣ; фаровонӣ; осудагӣ,
таносоӣ.
Нигор--нақш, тасвир; бут, санам.
Ниёз--ҳоҷат, эҳтиёҷ; бенавоӣ, тангдастӣ; дўстӣ; инъом, туҳфа.
Ниём--ғилофи шамшер.
Нишот--шодмонӣ, хурсандӣ, хуррамӣ.
Ниюшидан--гўш доштан, шунидан; таваҷҷуҳ кардан.
Ноб--соф, пок, холис.
Новак--тири хурд, тири аз най сохташуда.
Нож--дарахти коҷ, санавбар, шамшод; қомати рост.
Нозил--фурудоянда, аз боло ба поён оянда; нозил кардан--ба
поён овардан, паст кардан.
Нозир--нигаранда, назаркунанда.
Носеҳ--панддиҳанда, насиҳаткунанда.
Носипос--ношукр, кўрнамак.
Нофа--халтае, ки дар он мушк мебошад; нофи оҳу, ки аз он
бўи мушк меояд.
Нукта--нуқта, сухани покиза ва латифе, ки маънояш пўшида
бошад.
Нукта гирифтан--бар сухани касе эътироз овардан;
баҳонаҷўӣ кардан.
Нуқл-- ҳалвое, ки аз бодом, писта ва ғайра тайёр мекунанд.

пешина
аз 331
навбатӣ