Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Чаҳор чизро бознатавон овардан: сухани гуфта ва қазои рафта ва тири андохта ва умри гузашта.
Аз чаҳор чиз эҳтироз бояд кард: аз шитобу таъҷил, аз хашму ғазаб, аз бухлу имсок, аз уҷбу такаббур.
Ҳусни шафаккату меҳрубонӣ монанди калиди заррин аст, ки даричаи дилҳоро ба рўи инсон мекушояд.
Эй ки дар банди осоиши хештанӣ, чаро осоишро аз дигарон дареғ медорӣ?
Ҷомаи куҳнаро аз худ дур мекунӣ, чаро андешаи куҳнаро аз худ дур намекунӣ?
Ту мекўшӣ, ки осудатар аз дигарон бошӣ, ман мекўшам, ки дигарон осудатар аз ман бошанд.
Андешаи мард оинаро монад, ки менамояд кори неки ўро аз кирдори зишти ў.
Мардумро барои ту наофаридаанд, туро барои мардум офаридаанд.
Чаҳор чиз далели бузургист: илмро азиз доштан ва бадро ба некўӣ дафъ кардан ва хашмро фурў хўрдан ва ҷавоб ба савоб додан.
Чаҳор чиз оқибати чаҳор чиз аст: оқибати лаҷоҷ– расвоӣ, оқибати хашм–пушаймонӣ, оқибати бадгўӣ– душманӣ ва оқибати коҳилӣ–хорӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо