Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Се чизро пешаи худ бояд кард: дил ба даст овардан, бо ҳама кас некўӣ кардан, дар ободонӣ кўшидан.
Се чиз далели аблаҳист: хештанбинию такаббур, бахилӣ кардан, аз сифла умед доштан.
Чаҳор чиз далели саодат аст: қавли дуруст, тавозуъ дар ҳама ҳол, саъй дар касби ҳалол, нигаҳ доштани роз.
Кадом сухан аст, ки рост бошад ва дурўғ нанамояд?!
Баёни зўри ҷавонӣ дар пирӣ ва айши тавонгарӣ ба фақирӣ.
Касе, ки мадҳи ту кунад ба чизе, ки дар ту набошад, аз ў эҳтироз кун, ки низ замми ту кунад ба чизе, ки дар ту набошад.
Ҳаргиз бо пул наметавон сарбози хуб, муаллими хуб, ҳунарманди хуб ё коргари хуб сохт.
Аз ҳакиме пурсиданд:
– Кадом як аз ғизоҳо барои шумо лазизтар аст?
Гуфт:
– Таоме, ки бо ранҷу заҳмати худ ҳосил карда бошам.
Бадтарин одам касест, ки мардумро душман гирад ва мардум ўро душман доранд ва озори мардум диҳаду дарнагузарад ва узр напазирад.
Кафандузд аз сухандузд имтиёзи фоҳише дорад, ки он пероҳани тан мебарад, ин риштаи ҷон.
Дар шаҳрҳо овозаи бадномии ту рафт, акнун дусад фаришта накў гўядат, чӣ суд?
Чаҳор чиз чаҳор касро набошад: дурўғгўро мурувват, бахилро саодат, ҳасудро ростӣ, бадхўйро меҳтарӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо