Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Гар ҷома гилем ё ки дебост,
Чун шуставу пок буд, зебост.
Эраҷ Мирзо
Гар чу наргис нестӣ шўху чу лола тирадил,
Пас, дурўю даҳзабон ҳамчун гули савсан мабош!
«Калила ва Димна»
Махоҳ, обрўй макоҳ!
«Таърихи гузида»
Ҳар ки кордорони хешро эҳтиром кунад, кори худро муҳтарам дошта бошад.
«Марзбоннома»
Ҳеҷ чиз ба ту наздиктар аз ту нест, чун худро нашиносӣ, дигарро чун шиносӣ?
«Кимиёи саодат»
Ҳар чи аз дигарон зишт дидам, аз он ҳазар кардам.
«Кимиёи саодат»
Ҳеҷ маъсият аз ҷаҳл азимтар нест.
«Кимиёи саодат»
Гуфтори бекирдор зоеъ монад.
«Кимиёи саодат»
Гармиро сардӣ созад ва сардиро гармӣ.
«Кимиёи саодат»
Кардан аз фармудан муҳимтар аст.
«Кимиёи саодат»
Чор чизи дигар, эй некўсиришт,
Ҳаст аз ҷумла халоиқ неку зишт.
З-он чаҳор аввал ҳасадкинӣ бувад,
З-он гузаштӣ, уҷби худбинӣ бувад.
Хашмро дигар фурў нох(в)ардан аст,
Хислати чорум бахилӣ кардан аст.
Эй писар, кам гард гирди ин хисол,
Аз барои он, ки зишт аст ин фиол!
Нав, ки омад ба бозор,
Куҳна шавад дилозор.
Агарро бо магар тазвиҷ карданд,
Аз онон баччае шуд «кош, ки» ном!
Ба аввал тавон кард ислоҳи кор,
Аз он пеш, к-аз каф равад ихтиёр.
Аз каромоти шайхи мо чӣ аҷаб,
Барфро диду гуфт:– «Меборад».
Чўбро об фурў менабарад, ҳикмат чист?
Шармаш ояд зи фурў бурдани парвардаи хеш.
Нархи матое, ки фаровон бувад,
Гар ба масал ҷон бувад, арзон бувад.
Намешаванд ба ҳам меҳрубон кабўтару зоғ
Ба эҳтимоли Фалотуну ҳикмати Луқмон.
Ба хурдӣ чӣ бинӣ ба дандони мор?
Ба заҳраш нигаҳ кун ба ҳангоми кор!
Касоне, ки пайғоми душман баранд,
Зи душман, ҳамоно, ки душмантаранд.
Зи ман некомада гар бад нависанд,
На музди ман, гуноҳи худ нависанд.
Бадбин ҳама ҷо дархури нафрин бошад,
Барканда беҳ он чашм, ки бадбин бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо