Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Нест лола бедоғу шаккар бемагасу гул бехор.
Ҳабиби Қоонӣ

Мамлакат арўсест, ки арбоби саноеъ ва ҳираф зевари ўст, чандон ки бештар, беҳтар.
Ҳабиби Қоонӣ

Наравад гурггазида зи паи об.
Ҳабиби Қоонӣ
Ҳар куҷо оина бинӣ, сайқалаш хокистар аст.
Ибни Ямин

Ҳарчанд сари харро дар ташти зар гиранд, дарозии гўши вай гувоҳи ҳол аст.
Шамсиддини Шоҳин

Дарё пур аз дур аст, ку шиновар?! Осмон пур аз ахтар аст, ку ситорашумар?!
Шамсиддини Шоҳин

Гуфторе дар ҳама мазоқ хушгувор нест ва кирдоре дар ҳама миҷоз созгор.
Абдулқодири Савдо.

Дар дарун оташ набошад, шуъла кай берун занад?
Муҳаммадаминхоҷаи Кошиф

Чаро бар якдигар миннат гузоранд,
Чу муҳтоҷанд мардум якдигарро?
Эраҷ Мирзо

Ҳар чи ки таҳсили вай осон бувад,
Қадр каму қиматаш арзон бувад.
Эраҷ Мирзо

Ҳар чи ба он дер бувад дастрас,
Беш бувад толиби онро ҳавас.
Эраҷ Мирзо

пешина
аз 331
навбатӣ