Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз замин барназанад сар хошок,
Бехи он то набувад дар таҳи хок.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Нарм борон ба зироат диҳад об,
Чу расад сел, шавад кишт хароб.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ба заҳри хеш агар даст оварӣ, беҳ,
Ки аз шаҳди касон ангушт лесӣ.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Кунад савганд бисёр ошкоро
Дуруғўандешии савгандҳоро.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Чӣ беҳтар кўрро аз чашми равшан?!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Каҷ ба каҷ гарояд, рост ба рост.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Сайдро чун аҷал ояд, сўи сайёд равад.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Лаззати ёфтан аз ёфта беҳ.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ханда, ки бевақт кушояд гиреҳ,
Гиря аз он хандаи бевақт беҳ!
Ҳар нафасе ханда задан барқвор
Кўтаҳии умр диҳад чун шарор.
Алишери Навоӣ

Он ки зи марги дигарон шод ҳаст,
Гўркану ғосилу ҷаллод ҳаст.
Алишери Навоӣ

Наёрад абр агар аз боришаш суд,
Надорад дар ҳаво фарқе вай аз дуд.
Алишери Навоӣ

пешина
аз 331
навбатӣ