Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ҳеҷ зиндон ошиқи муштоқро
Тангтар аз суҳбати ағёр нест.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Нокастар аз ў кас набувад дар олам,
К-аз дўст ба ҷуз дўст муроде хоҳад.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Лаб аз даъвие беҳ, ки дорӣ нигоҳ,
Ки орӣ далелаш зи яксола роҳ.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Дар ин дайри куҳан расмест дерин,
Ки бе талхӣ набошад айш ширин.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ҳамчу дида ба сўи хеш мабин,
Хеш аз дигаре ту беш мабин!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Бо ду андеша ҷамъ натвон буд,
Бар як андеша бош, то бошӣ!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Саг паи луқма чу дум ҷунбонад,
Оқил онро на тавозуъ хонад.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Дуд дар хонае, ки роҳ кунад,
Дару девори он сиёҳ кунад.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Гар шубон пос надорад рамаро,
Гург аз пой дарорад ҳамаро.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Таъна аз кас хуш набошад, гарчи ширингў бувад,
Захми най бар дида сахт аст, ар ҳама найшаккар аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо