Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ҳаме ном ҷовид монад, на ком,
Бияндоз кому барафроз ном!
Зи ном аст то ҷовидон зинда мард,
Ки мурда шавад колбад зери гард.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҷаҳон ёдгор асту мо рафтанӣ,
Зи мардум намонад ба ҷуз гуфтанӣ.
Ба номи накў гар бимирам, равост,
Маро ном бояд, ки тан маргрост.
Абулқосими Фирдавсӣ
Равонат маранҷону магдоз тан,
Зи хун рехтан бозкаш хештан!
Пас аз марг нафрин бувад бар касе,
К-аз ў номи зиште бимонад басе.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҳамон ном беҳтар, ки монад баланд,
Ки марг афканад сўи мо ҳам каманд.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ва з-он кас, ки монад ҳаме ном бад,
Ба оғоз бад буду анҷом бад.
Абулқосими Фирдавсӣ
Зи хуршеду обу зи боду зи хок
Нагардад табаҳ ному гуфтори пок.
Абулқосими Фирдавсӣ
Маро сар ниҳон гар шавад зери санг,
Аз он беҳ, ки номам барояд ба нанг.
Абулқосими Фирдавсӣ
Чунин гуфт мўъбад, ки «Мурдан ба ном
Беҳ аз зинда–душман бар ў шодком».
Абулқосими Фирдавсӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо