Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Он ки он кунад, ки хоҳад,
Он ҷош баранд, ки нахоҳад.
Ҷафо бинад ҳар он кас, ки ҷафо кард.
Амали ҳар кас попечи худаш мешавад.
Некиро некӣ ояд.
Кардаи хеш оядат пеш.
Кулўхандозро подош санг аст.
Макун бад, то набинӣ бад мукофот.
Ҳар ки бад оғоз кард, аз бад кайфар бурд.
60.МАРГ
Ончунон зӣ, ки бимирӣ, бираҳӣ,
На чунон зӣ, ки бимирӣ, бираҳанд.
Абдулмаҷди Саноӣ
Ёд дорӣ, ки вақти зодани ту
Ҳама хандон буданду ту гирён?
Ончунон зӣ, ки вақти рафтани ту
Ҳама гирён шаванду ту хандон!
Саъдии Шерозӣ
Марг беҳтар аз зиндагонии талх.
Саъдии Шерозӣ
Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст,
Шамъ чун хомўш гардад, доғи маҳфил мешавад.
Абдулқодири Бедил
Гуфт Афлотуни доно вақти мурдан як сухан:
«Ҳайфи доно мурдану сад ҳайфи нодон зистан!
Хуб шуд, доно бимурду рўи нодонро надид,
Мурдани доно беҳ аз як дам ба нодон зистан!».
Касоне, ки рахт аз ҷаҳон бурдаанд,
Ҳама дар ғами зистан мурдаанд.
Ҳар чи дар дунё офарида шуда, зебост, зеботар аз
ҳама марг ва кушта шудан дар роҳи ватан аст.
Марги бошараф беҳ, аз зиндагии пурмазаллат.
Як мурдаи баном беҳ, зи сад зиндаи бенанг.
Мурдан авлотар, ки дар беэътиборӣ ба сар бурдан.
Мурдани баиззат беҳ, ки зиндагии бомазаллат.
Мурдан беҳ, то ба коми адў зистан.
Аз марг натарсед, зеро талхии ў аз тарс аз ўст.
Марг бо ёрон тўй аст.
61.НОМИ НЕК
Чу мирем бе ному ноком мо,
Ҳамон беҳ, ки мирем боном мо.
Ба номи накў кушта гаштан ба ҷанг,
Беҳ аз зиндагонӣ ба айбу ба нанг.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҳамон беҳ, ки бо кина дод оварем,
Ба ном андарун ном ёд оварем,
Ки ном аст андар ҷаҳон ёдгор,
Намонад ба кас ҷовидон рўзгор.
Абулқосими Фирдавсӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо