Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Замона зи бад доман андар кашид,
Мукофот бадро бад омад падид.
Абулқосими Фирдавсӣ

Ҳар касе нек мекунад ё бад,
Неку бад ҳар чи мекунад, ёбад.
Абўалӣ ибни Сино
Ҳар чи ба хок диҳӣ, аз хок бозёбӣ.
Унсурулмаолии Кайковус

Нигаҳ кун дар ҳама рўзе ба фардот,
Макун бад, то набинӣ бад мукофот.
Фахриддини Гургонӣ

Нигар, неку бад то чӣ кардӣ зи пеш,
Бибинӣ ҳамон боз подоши хеш!
Асадии Тўсӣ

Маяндоз санги гарон аз барат,
Ки чун бозгардад, фитад бар сарат!
Асадии Тўсӣ

Магўй он чи тоқат надорӣ шунуд,
Ки ҷавкишта гандум нахоҳад дуруд.
Носири Хусрав

Чу бад кардӣ, машав эмин зи офот,
Ки воҷиб шуд табиатро мукофот.
Носири Хусрав

Чу дашном гўӣ, дуо нашнавӣ,
Ба ҷуз киштаи хеш менадравӣ!
Саъдии Шерозӣ

Зи хайрат хайр пеш ояд, бикун чандон, ки битвонӣ,
Мукофоти бадӣ кардан намегўям, ту худ донӣ.
Саъдии Шерозӣ

пешина
аз 331
навбатӣ