Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Беҳтарин чизе, ки ба худ диҳанд , панд аст.
«Таърихи гузида»
Аз ҳар ки диҳад панд, шунидан бояд,
Бо ҳар ки бувад, рифқ намудан бояд.
Бад коштану нек дурудан н-ояд,
Зеро ки ҳама кишта дурудан бояд.
«Калила ва Димна»
Насиҳат гар хирадмандона бошад,
Зи оташ одами обӣ тарошад.
Ҳар он кас, ки панди падар нашнавад,
Ба ночор рўзе пушаймон шавад.
Хушбахт, ки табъи баччагон аст,
Дар панди дурусти модарон аст.
Ҳар ки худро насиҳат накунад, ба насиҳати дигарон муҳтоҷ аст.
Насиҳат ба кирдор беҳ аз насиҳат ба гуфтор.
Панд ба нодон борон аст дар шўристон.
Панди падар монеъ нашуд расвои модарзодро.
Панди падару модар барои фарзанд кимиёст.
Насиҳат кардани нодон вазнинтар аз бори гарон.
59.МУКОФОТИ АМАЛ
Ангушт макун ранҷа ба даркўфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба даркўфтанаш мушт.
Абўабдуллоҳи Рўдакӣ
Ту донӣ, ки мардум, ки некӣ кунад,
Кунад то мукофоти он барчинад.
Мукофот чанд гуна бувад,
Яке он ки корад, ҳамон бидравад.
Абўшакури Балхӣ
Зи гуфтору кирдору аз хўи зишт,
Касе надравад хуб, гар зишт кишт.
Абўшакури Балхӣ
Дарахте, ки парвардӣ, омад ба бор,
Бибинӣ бараш ҳам кунун дар канор.
Гараш бор хор аст, худ киштаӣ,
Ва гар парниён аст, худ риштаӣ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Нигар, то чӣ корӣ, ҳамон бидравӣ,
Сухан ҳар чи гўӣ, ҳамон бишнавӣ!
Абулқосими Фирдавсӣ
Ҷуз аз бад набошад мукофоти бад,
Чунин аз раҳи дод додан сазад.
Абулқосими Фирдавсӣ
Машав шодмон, гар бадӣ кардаӣ,
Ки озарда гардӣ, гар озардаӣ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Зи бад кардан ояд ба ҳосил зиён,
Агар бад кунӣ, ғам барӣ аз ҷаҳон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо