Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ҳама кас роздориро нашояд,
Дуруст аз об ҳар кўза наёяд.
Носири Хусрав
Нагўяд бохирад бо бехирад роз,
Ба гунҷишкон нашояд туъмаи боз.
Носири Хусрав
Агар сар боядат, сирро нигаҳ дор.
Носири Хусрав
Он шунидӣ, ки гуфт дамсозе
Бо рафиқе аз они худ розе.
Гуфт: «Ин розро нагўӣ боз!»
Гуфт: «Ман кай шунидаам зи ту роз?
Шараре буду дар ҳаво афсурд,
Дар ту зод он замон, ки дар ман мурд!».
Абдулмаҷди Саноӣ
Бо қавӣ гўй, агар бигўӣ роз,
З-он ки бошад қавӣ заифовоз.
Абдулмаҷди Саноӣ
Аз тани дўст дар сарои маҷоз
Ҷон бурун ояду наёяд роз.
Абулмаҷди Саноӣ
Чунон гў рози худ бо беҳтарин дўст,
Ки пиндорӣ, ки душмантар касе ўст.
Низомии Ганҷавӣ
Ту ғарра машав, ки бо ту мегўяд роз,
Ҳар к-ў ба яке бигуфт, гўяд ба ҳазор.
Саъдии Шерозӣ
Манеҳ дар миён роз бо ҳар касе,
Ки ҷосус ҳамкоса дидам басе.
Саъдии Шерозӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё