Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Эй бародар, ба ҳазл макшо лаб,
В-ар кушоӣ. магўй ҷуз ба адаб!
Ҳазл беобрўӣ орад бор,
Обрўро марезу ҳазл гузор!
Камолиддини Биноӣ
Ҳазл кам кун, ки ҳазл бошад шум
В-ар кунӣ, охират шавад маъдум.
Шўхӣ вақте хуб аст, ки бихандонад ва ба ҳеҷ кас барнахурад.
Охири ҳазл шум бошад.
52.РОЗУ РОЗДОРӢ
Чу алмос, к-оҳан бибуррад ҳаме,
Сухан низ дилро бидаррад ҳаме.
Забонро мадоред бар ҷои суст,
Ки то розатон кас надонад дуруст.
Абўшакури Балхӣ
Чу дар дил нагунҷад-т рози касон,
Куҷо гунҷад андар дили дигарон?!
Абўшакури Балхӣ
Зи ман рози хеш ар надорӣ нигоҳ,
Нигаҳ доштан розат аз ман махоҳ!
Абўшакури Балхӣ
Касе, к-ў бараҳна кунад рози дўст,
Раво бошад, ар бардаронеш пўст.
Абўшакури Балхӣ
Ҳар он гаҳ, ки бегона шуд хеши ту,
Бидонист рози каму беши ту,
Аз ў хештанро нигаҳдор бош,
Шабу рўз бедору ҳушёр бош!
Чу бишнохт ў роҳи сомони ту,
Тавонад бадӣ кард бар ҷони ту.
Набинӣ аз ў ҷуз ҳама дарду ранҷ,
Парокандани дудаву ному ганҷ.
Абулқосими Фирдавсӣ
Сухан то нагўянд, пинҳон бувад,
Чу гуфтанд, ҳар ҷо фаровон бувад.
Абулқосими Фирдавсӣ
Агарчанд пинҳон кунад мард роз,
Падид орадаш рўзгори дароз.
Абулқосими Фирдавсӣ
Агар роз хоҳӣ, ки пинҳон бувад,
Чунон кун, ки пайванд бо ҷон бувад.
Абулқосими Фирдавсӣ
Ба пурсиши ҳама кас сирри хеш пинҳон кун,
Касе, ки боҳазар аст, ў бувад мулоҳизакор.
Асири туст ҳама сиррат, ар ниҳон дорӣ,
Асири сир бишавӣ, гар ҳамекунӣ изҳор.
Абуалӣ ибни Сино
Агар хоҳӣ, ки писандидаи мардумон бошӣ, бар он кас, ки хирад аз ў ниҳон бошад, ниҳони хеш ошкор макун!
Унсурулмаолии Кайковус
Агар хоҳӣ, ки рози туро душман надонад, ба дўст магўй!
Унсурулмаолии Кайковус
Сухан ногуфта бошад кай чу гуфта?!
Чу шуд гуфта, куҷо монад нуҳуфта?!
Носири Хусрав

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё