Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
То фазлу ҳунар оинапардоз нашуд,
З-иқбол даре ба рўи кас боз нашуд.
Фўлод ба оҳан шараф аз ҷавҳар ёфт,
Бе илм зи ҷинси хеш мумтоз нашуд.
Абдулқодири Бедил
Фалакҳоро чу нақши по кунӣ паст,
Вале гар донишӣ нагзорӣ аз даст.
Абдулқодири Бедил
Зи илму касби обо тўша андўз,
Дигар илму забони аср омўз!
Ҳамон илме, ки дунё созад обод,
Туро созад зи банди ҷаҳл озод.
Тошхоҷаёё Асирӣ
Дониш теғи буранда бошад,
Ҳам ҷондеҳу ҳам кушанда бошад.
Абулқосим Лоҳутӣ
Илм ар набувад, вуҷуд лозим набувад,
Ҷаҳл ар набувад, суҷуд лозим набувад.
Абулқосим Лоҳутӣ
Гар зиндагӣ истиқлолу озодӣ бошад,
Илму санъат, кору роҳат ҳам шодӣ бошад.
Абулқосим Лоҳутӣ
Дониши комил он аст, ки аҳли дониш писандад ва ҳунар фоиқ он, ки душман онро эътироф кунад.
«Марзбоннома»
Ҳар илмро, ки ривоҷ бувад,
Ба қадри эҳтиёҷ бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё