Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Чу дониш ба сўи куниш раҳбар аст,
Куниш мояи дониши дигар аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Зи дониш шавад кори гетӣ ба соз,
Зи бедонишӣ кор гардад дароз.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Дилатро ба донишварӣ дор хуш,
Чу донистӣ, он гоҳ дар кор кўш!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Зи дил сар занад сирри дониш нахуст,
Ки бар дасту по кор гардад дуруст.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Кас бе камол ҳеч наярзад, азизи ман,
Касби камол кун, ки азизи ҷаҳон шавӣ!
Зайниддини Восифӣ
Дониш чашмаи обест, ки дар кўҳсор пинҳон аст.
Роғиби Самарқандӣ
Дониш рафиқи накўсириштист.
Роғиби Самарқандӣ
То бувад ҷон даруни тан, зинҳор,
З-иктисоби улум даст мадор!
Ба тани хаставу ба мўи сафед
З-иктисоби фунун машав навмед!
Пирию заъфро баҳона масоз,
Бош дар касби илм дар такутоз!
То ба он дам, ки барнаёмад ҷон,
Тарки касби камол ҳаст зиён.
Камолиддини Биноӣ
Эй бародар, ба касби илм гарой,
Пой бар ҷаҳл неҳ, ба илм дарой!
Маърифат ҷуз ба илм натвон ёфт
В-ин сифат ҷуз ба илм натвон ёфт.
Камолиддини Биноӣ
Он ки дар касби илм ранҷ барад,
Ранҷ набвад, ки пай ба ганҷ барад.
Камолиддини Биноӣ
Ҳаст илм, он чи боқию абад аст,
Ҳар чи ҷуз илм, об дар сабад аст!
Камолиддини Биноӣ
Ҳам забонро фасоҳат аз илм аст,
Ҳам баёнро малоҳат аз илм аст.
Камолиддини Биноӣ
Илм барҳамдиҳандаи заҳри зиндагӣ ва нурбахши наҷот аст.
Камолиддини Биноӣ
Кас надид, он чи ақл нанмояд,
Баста аст он, ки ақл накшояд.
То нагирӣ зи илм хома ба даст,
Сурати ҳеч чиз натвон баст.
Ғайри илм он чи кардаанд рақам,
Нест ҷуз ҷаҳлу ҷаҳл ҷумла адам.
Илм ҳар ҷо кафили тадбир аст,
Ғолибият далели таъсир аст.
Абдулқодири Бедил
Ман ҳам аз касби илм хурсандам,
Лек бо мақсадест пайвандам,
К-аз усули мадориҷи ҳикмат
Оламеро барорам аз ғафлат.
Абдулқодири Бедил

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё