Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ба андоза хур зод, агар мардумӣ,
Чунин пуршикам одамӣ ё хумӣ?
Надоранд танпарварон огаҳӣ,
Ки пурмеъда бошад зи ҳикмат тиҳӣ.
Саъдии Шерозӣ
Хўрдан барои зистану зикр кардан аст,
Ту муътақид, ки зистан аз баҳри хўрдан аст.
Саъдии Шерозӣ
Ғизо гар латиф асту гар сарсарӣ,
Чу дерат ба даст уфтад, хуш хурӣ.
Саъдии Шерозӣ
Таом он гаҳ хуранд, ки иштиҳо ғолиб ояд ва сухан он гаҳ гўянд, ки зарурат бошад ва сар он гаҳ ниҳанд, ки хоб ояд, суҳбат он гаҳ кунанд, ки шавқ ба мунтаҳо бирасад.
Саъдии Шерозӣ
Ғизои рўҳ мардумро бувад хўрд,
Ғизои тан ба ҳайвон аст дархўрд.
Хусрави Деҳлавӣ
Он беҳ, ки зи асбоби пурӣ парҳезӣ
В-аз нанги табибони дағал бигрезӣ.
Ногашта тиҳӣ меъда, ба хон наншинӣ,
З-он пеш, ки меъда пур кунӣ, бархезӣ.
Абдураҳмони Ҷомӣ
Гар обат зулол асту нуқлат шакар,
Ба андоза нўшу ба андоза х(в)ар!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Зи кам хўрдан шиори ҷону тан бош,
Бад-ин қонун табиби хештан бош!
Зани пурбор бошад марди пурхор,
К-аз ў сад нохушӣ зояд ба як бор.
Бадриддин Ҳилолӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё