Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бо чашм бину бо забон гўй!


Гапи бисёр–ба хар бор.


Ё сухан дониста гўй, эй марди оқил, ё хамўш!


Бингар, ки чӣ мегўяд, мангар, ки кӣ мегўяд!


Хамушӣ кирдори донишмандон аст.


Сухан, к-аз дил ояд, бувад дилпазир.


Хомушӣ беҳ, ки ҷавоби сахт.


Магў он чи натвонӣ шунид!


Пур дону кам бигў!


Сухани некў сайёди дилҳост.


Оқибати бадгўӣ душманист.


Сухан шунидан адаб аст.

  1. ҚОИДАИ ХУРОКХУРӢ

Макун дар хуриш хештан чорсўй,
Чунон хур, ки низ оядат орзўй.
Абулқосими Фирдавсӣ

Зи хўрдан носазо парҳез кардан
Беҳ аст аз доруи бисёр хўрдан.
Фахриддини Гургонӣ

Чӣ бояд суви ҳар хуриш тохтан,
Шикам гўри ҳар ҷонвар сохтан?!
Асадии Тўсӣ
Ҳеҷ чиз бар сиҳҳатии инсон бештар аз он садама намезанад, ки ғизо бар рўи ҳам тановул намояд.
Абўалӣ ибни Сино

Ба пур хўрдан макун одат ба як бор,
К-аз он дил тира гардад, ҷонат афгор.
Носири Хусрав

Агар дорӣ, бихур, варна махур ғам,
Ки бисёр аст бархурдорӣ аз кам.
Носири Хусрав

Беш хўрдан қавӣ кунад гардан,
Лек зирак шавӣ зи кам хўрдан.
Абдулмаҷди Саноӣ

Хури андак фузун кунад ҳилмат,
Хури бисёр кам кунад илмат.
Абдулмаҷди Саноӣ

Гар гулшакар хурӣ ба такаллуф, зиён кунад,
В-ар нони хушк дер хурӣ, гулшакар бувад!
Саъдии Шерозӣ

Андарун аз таом холӣ дор,
То дар ў нури маърифат бинӣ!
Тиҳӣ аз ҳикматӣ ба иллати он,
Ки пурӣ аз таом фат бинӣ.
Саъдии Шерозӣ

Чу кам хўрдан табиат шуд касеро,
Чу сахтӣ пешаш ояд, саҳл гирад.
Вагар танпарвар аст андар фарохӣ,
Чу тангӣ бинад, аз сахтӣ бимирад.
Саъдии Шерозӣ

пешина
аз 331
навбатӣ