Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гуфтани бисёр на аз нағзӣ аст,
Валвалаи табл зи бемағзӣ аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Забонро инон аз хато бозтоб,
Сухан бетааммул кам афтад савоб.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Зи асрори ҳикмат сухан рондан
Беҳ аз қиссаҳои куҳан хондан.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Саоломат агар боядат, гўш бош,
Зи гуфтори беҳуда хомўш бош!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Сухан ба лутфу хушӣ бо дуруштхўй магў,
Ки зангхўрда нагардида ҷуз ба сўҳон пок.
Зайниддини Восифӣ

Зи бадгўӣ забони худ нигаҳ дор,
Ки бо қасдат бувад ҳамчун сияҳмор.
Роғиби Самарқандӣ

Хамўшӣ беҳтар аст аз ҳар чи гўӣ,
Сухан кўтоҳ шуд, дигар чӣ гўӣ?!
Бадриддин Ҳилолӣ

Сухан ҳарчанд саррофи маонист,
Хамўшӣ хозини ганҷи ниҳонист.
Бадриддин Ҳилолӣ

Басе беҳтар бувад нодони хомўш,
Зи доное, ки дар гуфтан занад ҷўш.
Бадриддин Ҳилолӣ
З-он ҷо, ки қиёси нуктасанҷист,
Як нукта беҳ аз ҳазор ганҷест.
Бадриддин Ҳилолӣ

Сухани хуш чӣ гуна марғуб аст,
Шеваи ихтисор матлуб аст.
Гарчи ҳарфи накў ҳунар бошад,
Дар камаш лутф бештар бошад.
Шаҳд агар нафъи бекарон дорад,
Чун аз он пур хурӣ, зиён дорад.
Ҳарфи некў, агарчи дур гўӣ,
Некӣ аз вай равад, чу пур гўӣ.
Мухтасар гў калому тўл гузор,
Арзи мақсуд кун, фузул гузор!
Камолиддини Биноӣ

Ҳар сухан нест лоиқи гуфтан,
Ҳар гуҳар нест қобили суфтан.
Суханеро, ки дар мақол орӣ,
Аввал он беҳ, ки дар хаёл орӣ.
Пасу пеши сухан назора кунӣ,
Гар киноят бувад, канора кунӣ.
Гар сухан лоиқ аст, дар вай печ,
Варна сад сол гуфтаӣ ҳама ҳеч.
Камолиддини Биноӣ

Эй писар, гар ба гуфтан афтад кор,
Ғайри ҳарфи накў магў зинҳор!
Фаҳшу дашном магзарон ба забон,
Ки аз он ҳар ду уфтӣ ба зиён.
Фаҳшгў шуд табоҳкор, табоҳ,
Хешро з-он нигоҳ дор, нигоҳ!
Камолиддини Биноӣ

Дилат аввал сухан қарор диҳад,
Баъд аз он бар забон гузор диҳад.
Камолиддини Биноӣ

пешина
аз 331
навбатӣ