Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Забон банд кардан ба сад қайду банд,
Басе беҳ зи гуфтори носудманд.
Хусрави Деҳлавӣ

Магўй талх, ки захми забон кунад ҷоҳил.
Хусрави Деҳлавӣ

Ҳар чи наярзад ба шунидан, магў!
Хусрави Деҳлавӣ

Бо ақлу фаҳму дониш доди сухан тавон дод,
Чун ҷамъ шуд маонӣ, гўи баён тавон зад.
Ҳофизи Шерозӣ

Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта маконе дорад.
Ҳофизи Шерозӣ

Ба қавли хуш чу наёбӣ зи ҷанги хасм раҳоӣ,
Беҳ он бувад, ки забонро ба нохушӣ бикушоӣ.
Чу қуфли хона ба оҳистагӣ кушода нагардад,
Паи шикастани он беҳ, ки сўи санг гароӣ.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Нагардад хотир аз норост хурсанд,
Вагар худ гўӣ онро ростмонанд.
Суханро зеваре ҷуз ростӣ нест,
Ҷамоли Маҳ ба ҷуз нокостӣ нест.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Агар лаб кушоӣ, ба ҳикмат кушой,
Машав ҳамчу беҳикматон жожхой!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳар балое, ки мерасад ба касон,
Бештар аз мамарри гуфтор аст.
Абдураҳмони Ҷомӣ

пешина
аз 331
навбатӣ