Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Ҷавоби ҳар савол андеша мекун,
Сукунатро дар он дам пеша мекун!
Носири Хусрав
Саодат ёр хоҳӣ дар ҳама кор,
Суханҳои шариф аз даст магзор!
Носири Хусрав
Гови хомўш назди марди хирад
Беҳ аз он жожхой сад бор аст.
Носири Хусрав
Суханро аз дарозӣ дор кўтоҳ,
Ки аз бисёр руфтан гум шавад роҳ.
Носири Хусрав
Балои одамӣ омад забонаш,
Ки дар вай баста шуд суду зиёнаш.
Носири Хусрав
Нигар онро, ки бошад фаҳшгуфтор,
Наёбад назди мардум қадру миқдор.
Носири Хусрав
Он ч-ат ба кор нест, чаро ҷўӣ?
В-он ч-ат гузир нест, чаро гўӣ?
Носири Хусрав
Сухан чун зарри пухта бехабосат гардаду софӣ,
Чу ўро хотири доно ба андеша биполояд.
Носири Хусрав
Он чи доно гўяд, онро лафзу маънӣ пуду тор
В-он чӣ нодон гўяд, онро ҳеҷ пуду тор нест.
Носири Хусрав
Хомўшӣ аз каломи беҳуда беҳ!
Носири Хусрав
Чу оқил ҳаме то нагўяд сухан,
Аз ў ҳеҷ пайдо наёяд ҳунар.
Масъуди Саъди Салмон
То-т напурсанд, ҳаме бош гунг,
То-т нахонанд, ҳаме бош ланг!
Масъуди Саъди Салмон
Некў набувад посухи талх аз лаби ширин!
Абдулмалики Муиззӣ
Дар сухан дур бибоядат суфтан
Варна гунгӣ беҳ аз сухан гуфтан.
Абдулмаҷди Саноӣ
Гунг андар ҳадису дар овоз
Беҳ, ки бисёргўи беҳудатоз.
Абдулмаҷди Саноӣ
Забоне, ки орад сухан носавоб,
Ба хомушияш дод бояд ҷавоб.
Низомии Ганҷавӣ
Забон - он гаҳ сухан, чашм – он гаҳе нур,
Нахуст ангуру он гаҳ оби ангур.
Низомии Ганҷавӣ
Парастори бадмеҳри ширинзабон
Беҳ аз бадхуе, к-ў бувад меҳрубон.
Низомии Ганҷавӣ
Сухан гарчи бо ў зиҳозеҳ бувад,
Нагуфтан ҳам аз гуфтанаш беҳ бувад.
Низомии Ганҷавӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё