Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Зи беҳтарсухан нест пояндатар
В-аз ў хуштару дилфазояндатар.
Ҳаме ҳамчу ҷон з-он нагардад куҳан,
Ки фарзанди ҷон аст ширинсухан.
Асадии Тўсӣ
Зи кирдор гуфтор бармагзарон,
Магўй, он чи дониш надорӣ бар он.
Асадии Тўсӣ
Суханҳои доно, ки некў бувад,
Барад баҳра ҳар кас, ки бо ў бувад.
Асадии Тўсӣ
Сухан хамчу мурғест, к-ояд зи ком,
Нишинад ба ҳар ҷо, чу биҷҳад зи дом.
Асадии Тўсӣ
Ба гуфтори ширин фиребанда мард
Кунад, он чи натвон ба шамшер кард.
Асадии Тўсӣ
Надиҳад марди хушманд ҷавоб,
Магар он гаҳ, к-аз ў савол кунанд.
Гарчи барҳақ бувад мизоҷи сухан,
Ҳамли даъвиш бар муҳол кунанд.
Носири Хусрав
Хоҳӣ, ки наёрӣ ба суйи хеш зиёнро,
Аз гуфтаи нохуб нигаҳ дор забонро!
Носири Хусрав
Чун тир сухан рост кун, он гоҳ бигўяш,
Беҳуда магў, чўб мапартой зи паҳно!
Носири Хусрав
Некў ба сухан шав, на бад-ин сурат, азерок
Воло ба сухан гардад мардум, на ба боло.
Носири Хусрав
Ҷуз аз вайрон сухан н-ояд бурун аз хотири вайрон,
Ба ҳикмат чун иморат шуд дилат, некўсухан гаштӣ.
Носири Хусрав
Ба майдони фасоҳат чун дарои,
Марон бас гарм, то дар сар наёӣ.
Носири Хусрав
Он чи хоҳӣ, ки надравиш, макор,
В-он чӣ хохӣ, ки нашнавиш, магўй!
Носири Хусрав
Рў макун ҳар сўю бозмагард,
Аз сухани хештан мабош чу гард.
Носири Хусрав
Он беҳ, ки нагўӣ, чу надонӣ сухан, эрок
Ногуфта басе беҳ бувад аз гуфтаи расво.
Носири Хусрав
Магў нохуш, ки посух нохуш ояд,
Ба кўҳ овози хуш деҳ, то хуш ояд!
Носири Хусрав
Ба ҳар гуфтор манмо пешдастӣ,
Магў ногуфтаниҳо, рав, ки растӣ!
Носири Хусрав
Сухан кам гўю некў гўй дар кор,
Ки аз бекор гуфтан мард шуд хор.
Носири Хусрав

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё