Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Бар дорӣ–сар дорӣ.
Иззати бача кай фузун шавад?! Ба кам гуфтан.
Вақти таълиму адаб аҳди тифлист.
Аз фарзанд беҳтар неъмат нест.
Лаззати умри одамӣ фарзанд аст.
Дили модар ризои модар аст.
Модар ризо–Худо ризо.
Фарзандро ба дил дўст дор, на ба гуфтор.
- ТАРБИЯТ
Ба ҳангоми барноию кўдакӣ
Ба дониш тавон ёфтан зиракӣ.
Дарахте, ки хурдак бувад, боғбон
Бигардонад ўро, чу хоҳад чунон,
Чу гардад калон, боз натвонадаш,
Ки аз каҷҷию хам бигардонадаш.
Абўшакури Балхӣ
Ҳамчунин ояд писар, чун ҳамчунон бошад падар.
Абулҳасани Фаррухӣ
Шамъи торишударо то набурӣ атрофаш,
Барнаяфрўзаду чун Зуҳраи заҳро нашавад.
Абдулмаҷди Манучеҳрӣ
Ҷавонро раҳу роим гардон бувад,
Дилаш бурдан аз роҳ осон бувад.
Асадии Тўсӣ
Басе рўзгорон, ки сахтӣ барад
Писар, чун падар нозукаш парварад.
Хирадманду парҳезгораш бидор,
Агар дўст дорӣ, ба нозаш мадор!
Саъдии Шерозӣ
Чу парварда бошад писар дар канор,
Битарсад, чу пеш оядаш корзор.
Саъдии Шерозӣ
Ҷое нарасад кас ба тавоноии хеш,
Илло, ту чароғи раҳматаш дорӣ пеш.
Саъдии Шерозӣ
Одамиро, ки тарбият накунанд,
То ба садсолагӣ харе бошад!
Саъдии Шерозӣ
Дар хурдӣ таъсири тарбият бештар шавад аз он,
ки дар бузургӣ.
Чўби тарро, чунон ки хоҳӣ, печ,
Нашавад хушк ҷуз ба оташ рост.
Саъдии Шерозӣ
Тарбият яксон асту табоеъ мухталиф.
Саъдии Шерозӣ
Гуле, ки тарбият аз дасти боғбон нагирифт,
Агар ба чашмаи Хуршед сар кашад, худрўст.
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳуқуқи модар агар аз роҳи додани шир аст, бетафовут ҳукми модагов аст.
Шамсиддини Шоҳин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё