Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гирди номи падар чӣ мегардӣ, Падари хеш шав, агар мардӣ!


Дар ин олам, аз ҳар чи боистанист, Накўтар зи фарзанди шоиста нест.


Фарзанди нағз–боғи падар, Фарзанди бад–доғи падар.


Касе, к-ў надорад нишон аз падар, Ту бегона хонаш, махонаш писар!


Фарзанд агарчи айбнок аст, Дар пеши падар зи айб пок аст.


Фарзанди нохалаф чӣ гуна бошад? Чунон ки ангушти шашум – агар бибуранд, дард кунад ва агар бигзоранд, айб бувад.


Некӣ муқаддамтар аз ҳама бо кӣ бояд кард? Дар ҳаққи модару падар.


Писандидатарин чизе, ки падарон барои фарзандон бозгузоранд, фарҳанг аст.


Касе, ки ба модари худ ҷафо кунад, ба дигарон вафо кунад?!


Чаро фарзанди қобил аз падар даҳ сер кам бошад?!


Ба ҷавонӣ он ёбӣ, ки дар пирӣ наёбӣ.


Дарахти бесамар беҳ аз фарзанди носолеҳ.


Хона бо фарзанду саҳро бо одам обод аст.

пешина
аз 331
навбатӣ