Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чу фармонпазиранда бошад писар,
Навозанда бояд, ки бошад падар.
Абулқосими Фирдавсӣ

Писандидатар кас зи фарзанд нест,
Чу пайванди фарзанд пайванд нест.
Абулқосими Фирдавсӣ

Гиромитар аз хуни дил чиз нест,
Хирадманд фарзанд бо дил якест.
Абулқосими Фирдавсӣ

Писар, к-ў зи роҳи падар бигзарад,
Далераш зи пушти падар нашмарад.
Абулқосими Фирдавсӣ

Писар, к-ў чун падар бошад, ситоишро сазо бошад.
Абулҳасани Фаррухӣ

З-он ки устоди ту андар ҳама коре падар аст,
Чун падар гаштӣ, ту андар ҳама корӣ устод.
Абулҳасани Фаррухӣ

Ба фарзанд хуррам шавад рўзгор,
Ҳам аз вай шавад талхии марг хор.
Асадии Тўсӣ

Зи як падар ду писар некў бувад, аҷаб набувад,
Ки аз дарахте пайдо шудаст минбару дор.
Асадии Тўсӣ

Агарчанд фарзанд чун деви зишт,
Бувад назди модар чу ҳури биҳишт.
Асадии Тўсӣ

Бувад беш андўҳи мард аз ду тан:
Зи фарзанди нопоку нопок зан.
Асадии Тўсӣ

пешина
аз 331
навбатӣ