Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Бе пир марав, ки дар бимонӣ,
Ҳарчанд Сикандари замонӣ.
На ҳар кас, ки пир аст, ботадбир аст.
16.ПАДАРУ МОДАР ВА ФАРЗАНД
Ду чашмат ба фарзанд равшан бувад,
Агарчанд фарзанд душман бувад.
Зи пеши писар марг хоҳад падар,
Ту душман шунидӣ зи ҷон дўсттар?!
Абўшакури Балхӣ
Зи гетӣ ҳаме панди модар нийўш,
Ба бад тез маштобу бар бад макўш!
Шабу рўз чун ҷон гиромиш дор,
Ки чун ҷон бипарвардат андар канор.
Абулқосими Фирдавсӣ
Падар чун ба фарзанд монад ҷаҳон,
Кунад ошкоро бар ў ҳар ниҳон.
Гар ў бифканад номи фаррух падар,
Ту бегона хонаш, махонаш писар!
Абулқосими Фирдавсӣ
Зи фарзанд бошад падар шоддил,
Зи ғамҳо бад-ў дорад озод дил.
Агар меҳрубон бошад ў бар падар,
Ба некӣ гарояндаю додгар.
Абулқосими Фирдавсӣ
Агар коҳилӣ пеша гирад ҷавон,
Бимонад манишпасту тираравон.
Абулқосими Фирдавсӣ
Нишони падар бояд андар писар,
Раво набвад, ар камтар орад ҳунар.
Абулқосими Фирдавсӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё