Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чӣ ҳосил з-он, ки донӣ кимиёро,
Миси худро накарда зарри соро?!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Илм чу донӣ, зи амал сар мапеч,
Дониши бекор наарзад ба ҳеч.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Илме, ки дар он амал набошад,
Ҷуз арбадаву ҷадал набошад.
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
Бадриддин Ҳилолӣ

Илми худро макун ҷудо зи амал,
Ки бувад корсоз илму амал.
Илм агар бо амал нагардад ёр,
Ҳеч чизе зи илм чашм мадор!
Камолиддин Биноӣ

Чун бувад илм бе амал, на накўст,
Ки ғараз аз шукуфа меваи ўст.
Илм агар бо амал наёмезад,
Халал орад, залолат ангезад.
Камолиддин Биноӣ

Миёни олиму ҷоҳил баробар аз мўе
Тафовуте набувад, то ки илм беамал аст.
Зебуннисо

Моликтар касе бар илм амалкунандаи илм аст.
«Таърихи гузида»

Бадбахт касест, ки вайро илм диҳанду амал надиҳанд ва тавфиқи амал диҳанду ихлос надиҳанд ва ба суҳбати некон роҳ диҳанду қабул надиҳанд.


Донистанро кор бастан бояд.

пешина
аз 331
навбатӣ