Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик
Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа
Олиме, к-ў амал намедонад,
Рост, бар мори ганҷ мемонад,
Ки занад печу тоб бар сари ганҷ,
Ҳосилаш не зи ганҷ ғайр аз ранҷ.
Олиме, к-аш амал набошад ёр,
Хар бувад, к-аш китоб бошад бор!
Олими беамал, ба қавли кибор,
Ҳаст монанди кўри машъалдор.
Гар диҳад роҳи дигаронро нур,
Худ бувад гомзан ба дидаи кўр.
Карда равшан барои мардум роҳ,
Худ ба торикӣ омада гумроҳ.
Камолиддин Биноӣ
Худ бувад илм бо амал пайваст,
Ки садо барнахезад аз як даст.
Асалу сирка дофеъи сафрост,
Гар набошад яке, набошад рост.
Солҳо илми хат агар хонӣ,
Хушнависӣ ба илм натвонӣ.
Машқу таълим ҳар ду мебояд,
В-ар яке нест, хат накў н-ояд.
Камолиддин Биноӣ
Илме, ки ногузири ту бошад, бар он гарой!
В-онро, к-аз ў гузир бувад, ҷустуҷў макун!
В-он дам ки ҳосили ту шавад илми ногузир,
Ғайр аз амал ба мўҷиби он орзу макун!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Ба кор ор илме, ки омўхтӣ,
Макуш машъалеро, ки афрўхтӣ!
Абдураҳмони Ҷомӣ
Чу касби илм кардӣ, дар амал кўш,
Ки илми беамал борест бар дўш.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё