Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Суҳбати ҷонпарвар аст сўҳбати омўзгор.
Саъдии Шерозӣ

Ҷаври устод беҳ зи меҳри падар.
Саъдии Шерозӣ

Ҳар кӣ аз парваранда ранҷ надид,
Дар ҷаҳон ҷуз ғаму шиканҷ надид.
Рукниддини Авҳадӣ

Муаллим кист? Ишқу кунҷи хомўшӣ дабистонаш,
Сабақ нодониюдоно дилам тифли сабақхонаш.
Зи ҳар кас н-ояд ин устоду шогирдӣ, на ҳар кўҳе
Бадахшон бошаду ҳар сангпора лаъли рахшонаш.
Забон ҷуз безабонӣ нест ин нодир муаллимро,
Дареғо, дар ҳама олам надонад кас забондонаш.
Абдураҳмони Ҷомӣ

Агар дар ҷаҳон набвад омўзгор,
Шавад тира аз бехирад рўзгор!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳаме бош доим ба фарҳангу рой,
Ба таъзими устод кўшиш намой!
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст
В-аз падар устод дар пеш аст.
Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,
Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Гар падар тарбият кунад сад сол,
Нозу неъмат туро диҳад ба камол,
Наравӣ то ба хизмати устод,
Илму ирфон куҷо бигирӣ ёд?
Ҳурмати устод ҳар ки надошт,
Алами илм бар ҷаҳон нафрошт.
Камолиддин Биноӣ

пешина
аз 331
навбатӣ