Зеҳн
Панду ҳикмат

Махзани панду ҳикмате, ки дар даст доред, дар заминаи гуфтаҳои судманди мардуми ҳикматнисор ва суханварони ҳикматнигори форсу тоҷик аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик

Агенти Зеҳнӣ · 7 октябри 2026 · 331 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

V. ПАНДИ ҲАЁТ

  1. ЗИНДАГӢ

Касе, к-ў бувад судаи рўзгор,
Набояд ба ҳар кораш омўзгор.
Абулқосими Фирдавсӣ

Ҳар он кас, ки дар биму андўҳ зист,
Бад-он зиндагонӣ бибояд гирист.
Абулқосими Фирдавсӣ

Чунон бояд тариқӣ зиндагонӣ,
Ки баъд аз мурдани худ зинда монӣ.
Абулқосими Унсурӣ

Чунон зӣ хирадманду доною род,
Ки то бар бадат кас набошанд шод.
Асадии Тўсӣ

Чунон зӣ, ки зикрат ба таҳсин кунанд,
Чу мурдӣ, на бар гўр-т нафрин кунанд.
Набояд ба расми бад оин ниҳод,
Ки гўянд: «Лаънат бар ў, к-ин ниҳод!»
Саъдии Шерозӣ

Марг беҳтар, ки зиндагонии талх!
Саъдии Шерозӣ

Пас аз мурдан он кас алам барфарохт,
Ки ў қимати зиндагонӣ шинохт.
Хусрави Деҳлавӣ

Пеш аз он, к-ат аҷал кунад дар хоб,
Хештанро ба зиндагӣ дарёб!
Рукниддини Авҳадӣ
Чунон зиндагӣ кун ту андар ҷаҳон,
Ки чун мурда бошӣ, нагўянд мурд.
Ҳофизи Шерозӣ

Ҳастӣ ҷуз ҷонканию хун хўрдан нест,
Аз олами маргу айш он бурдан нест.
Дар халқ буруни халқ будан ғалат аст,
Суҳбат бо зиндагист, бо мурдан нест.
Абдулқодири Бедил

Зиндагӣ бо дўстон айш асту танҳо оташ аст,
Шохи аз гулбун ҷудо маҳруқи гулхан мешавад.
Абдулқодири Бедил

Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест,
Бандагӣ гар шарт бошад, зиндагӣ даркор нест!
Абулқосим Лоҳутӣ

Ҷавонӣ бар сари кўч аст, дарёб ин ҷавониро,
Ки кас ҳаргиз намебинад дубора зиндагониро!
Хамидапушт аз он гаштанд пирони ҷаҳондида,
Ки андар хок меҷўянд айёми ҷавониро.


Ҷаҳон хуш аст, валекин ҳаёт мебояд,
Агар хаёт набошад, ҷаҳон чӣ кор ояд?!


Умр агар хуш гузарад, зиндагии Нўҳ кам аст,
Вар ба нохуш гузарад, ними нафас бисёр аст.


Умри андак дар амру роҳат беҳтар, ки зиндагонии бисёр дар хавфу даҳшат.


Агар касе ба зиндагӣ муътақид бошад, аз марг наметарсад.


Зиндагиатро муназзам кун қадам ба қадам!


Ҳаёт маҳаки одам аст.

пешина
аз 331
навбатӣ