Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
шудани шири табақро дида, зану шавҳар бо тааҷҷуб ба якдигар мегуфтем: - Чаро писарамон пинҳонӣ шир мехӯрад? Ман хостам инро ба ту гӯям, вале аз андешаи он, ки шарм мекунӣ, худдорӣ намудам. Акнун маълум шуд, ки ин кори ту не, балки кори мори айнакдор будааст.
Дар Осиё морбозон махсусан афсун карда гирифтани мори айнакдорро барои он дӯст медоранд, ки вай назар ба дигар ҳамҷинсонаш ҷасоратноктар буда, дар мавриди вохӯрдан бо душман, ба қавли морбозон, «мардона» рафтор мекунад: яъне намегурезад, ногаҳон ҳуҷум намекунад, балки сарашро аз замин баланд бардошта, аввал огоҳ менамояд ва баъд ҳамла карданӣ мешавад.
Мори айнакдор барои об хӯрдан аз кӯҳ фаромада, дар ҳавлии мо муваққат истода монда будааст, ки он меҳмони нохушро дигар надидем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё