Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

кӯҳ воқеъ гардидааст. Аз хонаи ман поёнтар дарае ҳаст, ки он то канори дарё кашол ёфтааст. Морҳо барои об хӯрдан аз кӯҳ ба ҳамин дара фаромада, қад-қади санглох ба канори дарё мераванд ва об хӯрда, боз бо ҳамин роҳ ба кӯҳ бармегарданд. Ман аз хона баромада, ба он мор ногоҳ рӯ ба рӯ шудам ва барои афсун кардан фурсат ҳам надоштам. Дар чунин маврид ақиб гаштан барои морбоз мағлуб шудан аст. Бинобар он ман вайро бе афсун ба даст дароварданӣ шудам. Аммо... аммо мор ба дастам заҳр зад ва худ ба таги сангтӯдаҳо даромада пинҳон шуд. Ман он рӯз як паллай дарвозаро кушода монда, худам дар паси паллай дуюм то бевақтӣ камин гирифта нишастам. Вай аз он ҷо набаромад. Имрӯз ҳам аз пагоҳии барвақт камин гирифта, мунтазири ба берун баромадани мор шудам. Ниҳоят мор аз таги сангҳо баромад. Чӣ тавре ки мор бо ман рафтор намуда буд, ман ҳам бо ӯ ҳамон хел рафтор кардам: вайро дошта гирифта, сахт газидам ва ба замин задам. Танҳо пас аз ин дилам таскин ёфт ва осиё ба хотирам расид...

Мо гуфтаҳои Устохайруллоро бо мароқи калон гӯш карда, дар дил ба ҷасорати ӯ таҳсин гуфтем.

  • Ин тавр рафтор кардан ба дигарон хавфнок аст. Аз мор тарсидан даркор нест, лекин эҳтиёт шудан шарт аст, зеро ҳар мор одати ба худ хос дорад. Мори айнакдор сарашро боло бардошта, гӯё касро огоҳ карданӣ мешавад: «Наздик нашав, заҳр мезанам!» Мори чипор бе огоҳӣ ба одам дарафтода, таъқиб карданӣ мешавад. Тирмор ҳам аз гӯшае ногаҳон ҳуҷум мекунад, вай гӯё болу пар дошта бошад, тир барин тез гузашта меравад, ки ҳатто кас нафаҳмида мемонад.

Устохайрулло ба бачагон рӯ оварда, суханашро ба охир расонд:

  • Махсусан шумо, бачагон, эҳтиёт бошед, бо дасти холӣ ҳар морро таъқиб кардан нагиред.
пешина
аз 349
навбатӣ