Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

шуда монд. Соҳиби хона мург ва ҷӯҷаҳоро ба катак дароварда, дарашро маҳкам кард. Вай аз набудани ҷӯҷаи якраву гапнодаро хабар надошт. Азбаски ба ин ҷо ҳар шаб шагол барои мургдузӣ меомад, соҳиби ҳавлӣ дар назди катак дом гузошт. Ниҳоят, рӯз торик шуд. Ҷӯҷа рафта ба оташдон даромад ва дар рӯи хокистар, ки мисли кӯрпа нарм буд, хоб кард. Ба ҳавлӣ шагол омад ва чор атрофро бӯ карда, дар назди катак қарор гирифт: соҳиби ҳавлӣ дар қапқон як порча гӯшт монда буд. Ҳамин ки шагол фукашро ба гӯшт расонд, дом маҳкам шуд.

Дандонҳои тези қапқон ба гардани шагол даромада рафтанд. Пагоҳии барвақт ҷӯҷаи гапнодаро аз оташдон баромада, ба назди катак омад. Вай шаголро дида қариб буд, ки аз тарс дилкаф шавад. Вале чун дид, ки шагол мурдааст, далертар шуд: аввал як бор атрофи душманашро давр зада, сониян ҷаҳида ба болояш баромада нишаст. Барои он ки мург ва бачаҳояш марги душманашонро дида хурсанд шаванд, соҳиби ҳавлӣ ба шагол даст назада, пеш аз ҳама дари катакро боз намуд. Ҷӯҷаҳо бо дидани шагол фигонкунон худро ба дарунтари катак заданд. Дар ин вақт ҷӯҷаи гапнодаро бо овози баланд фарёд зад:

пешина
аз 349
навбатӣ