Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

омода мебошад, дар ҳикояҳои «Ҷон додаракам» ва «Рустамҷон» мавриди тасвир қарор гирифтаанд. Вақте ки ин силсила ҳикоятро бо очеркҳои батафсили бадеии нависанда («Салламно!», «Меҳри модар») дар якҷоягӣ мутолиа менамоед, пас ба хулосае расидан мумкин аст, ки Мустафо Шарқӣ дар нигоштани симои калонсолон ва тасвири вусъатноки зиндагӣ низ ҳунарманд будааст ва, аз ҳама муҳиммаш, дар ин мавридҳо низ вай нисбат ба сарнавишти бачагону наврасон бетараф истода натавонистааст.

Бояд махсус таъкид кард, ки дар байни асарҳои барои кӯдакон эҷодкардаи Мустафо Шарқӣ тасвири зиндагии ба худ хос ва олами пураҷобату ғароиботи ҳайвонот ва паррандагон («Фохтаюи Гулнора», «Пешонақашқа», «Ба хуби-хуби...», «Қасос») мақоми хосаеро ишғол намудаанд. Нависанда на танҳо дар бораи муҳаббати бачагон ба ҳайвонот ва паррандагон сухан ба миён меоварад, балки таваҷҷӯҳи кӯдаконро ба хислату рафтор ва тарзи зиндагию муносибати онҳо ба ҳамқавмони худашон ва бахусус одамон, ба тасвир мегирад ва ҷиҳати ҷолиби масъала он аст, ки ин ҳикоёт аҷоиб, пурмоҷаро ва ибратбахш баромадаанд. Масалан, муомилаи фоҷиавие, ки саги бовафо Хока дар ҷавоби хиёнати соҳибаш Устошароф ба ӯ мекунад, ё муносибати шер (паланг) ба одам барои аз фалокат наҷот додани бачагонаш, ё муборизаи фароштуруқҳо бо гунҷишкони лонаҳояшонро тасарруфкарда ва ё бачаи одамро аз заҳр задани мор наҷот додани гурбаи Пешонақашқа ба сари худ ҳодисаҳои аҷиб мебошанд, ки бо завқ хонда мешаванд, вале онҳо ба таври ноаён ба бачагон дар хусуси ҳаводиси табиат ва зиндагии ғайромуҳуш ахбори муҳимме мерасонанд. Ҳамчунин нависанда кӯшидааст, ки дар ин силсила ба инсон ба сифати як махлуқи мураккаб, вале соҳибақл диққати алоҳида («Чӯпон», «Мададгорони бобо») дода бошад.

пешина
аз 349
навбатӣ