Зеҳн
Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

панд дода бошад. Ба ин маънӣ дар эҷодиёти муаллиф тасвири замони ҳол дар мақоми аввал қарор дорад ва аз ин ҷо хеле аз ҳикояҳои вай дар мавзӯи рӯз таълиф шудаанд, ки аксаран аз ҳаёти бачагон баҳс мекунанд. Мустафо Шарқӣ, бахусус аз кору бори мактабиён, таҳсил, фикру зикр, одобу ахлоқи кӯдакон, олами хаёлот ва орзуҳои онҳо ба хубӣ огоҳ буд ва ҳикояташ дар ин маврид ҳамеша табиӣ ва воқеӣ баромадаанд. Бачагон дар тасвири вай хеле ҳассос ва покдилу нозукбин буда, ба ҳар амали некӯ бо завқу завқ мепардозанд ва аз таҳи дил онро ба ҷо меоранд: хоҳ он парвариши пахта бошад, хоҳ озода нигоҳ доштани синф, хоҳ эҳтиром ба устод, хоҳ таҳсили намунавӣ, хоҳ раҳму шафқат ва меҳрубонӣ ба ҳайвонот ва олами наботот дар дилу нияти онҳо дар ҷои аввал меистад. Онҳо дар муқобили ин ҳама ба дурӯғ, лофу ғазоф, бадахлоқӣ ва сустхонӣ оштинопазирӣ нишон медиҳанд. Дар ин маврид метавон ҳикояҳои «Муаллимаи Сурайё», «Чаро Шамсӣ гиря кард?», «Ҳиллаи Мамлакат», «Садбарги хитой», «Иншо», «Сабақи аввалин», «Хатари безарар», «Мададгорони бобо»-ро номбар кард.

Ҳамчунин нависанда кӯшиш кардааст, ки иштироки бачагонро дар корҳои мавқеашон нисбатан васеъ - дар меҳнат, дар зиндагии хонаводагӣ, дар муносибат ба рафтори хубу бади калонсолон ва зиндагии ҷамъиятӣ нишон диҳад. Масалан, масъалаи фикри ҷамъиятӣ ва зиндагии маҳрамонай занон, фаъолиятмандии иҷтимоии онҳо, иртиботи зану мард, фарзанду модарандар нисбат ба ҳамдигар дар ҳикояҳои «Марҳабо», «Кӣ медонад?» ва «Моиндар», мавзӯи барҳам задани таассуроти маҳдуд ва хато дар мавриди таҳсил кардан ва ё накардани духтарон, ҳамчунин ба воя расидани насли нав ва покизаахлоқ, ки ба рафтору кирдори начиби инсонӣ

пешина
аз 349
навбатӣ