Сабақи аввалин

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависандагонро дар бар мегирад. Дар он асари Мустафо Шарқӣ ва дигар муаллифон бо номи «Сабақи аввалин» ва «Таркиши охирин» ҷой дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 349 саҳифа
-
Дар ҳақиқат он бузургу зебо шудааст, - ба аберааш ҷавоб дода, бобои Ҳасан аз паси Чиғӯяк, ки дар лаби нишебии кӯҳ истода, ба поён назар андохта, мушоҳида менамуд ва сипас илова кард, - замоне ин як деҳаи хурде буд.
Чиғӯяк рӯяшро гардонида, ҳайратомез хитоб кард, - Рост аст!? Аҷиб! Хоҳишмандам, нақл кунед. -
Ҳанӯз дар аввали асри гузашта, вақте ки тоҷикон бо бародарони ҳамсояи худ: ӯзбекҳо, туркманҳо ва дигар халқиятҳо, дар мулки ба Амир тааллуқдошта мезистанду он аморати Бухоро номида мешуд, - нақли худро оғоз кард бобои Ҳасан, - он вақт халқи тоҷик давлати худро надошт, яъне, пойтахт низ набуд. Ва танҳо дар соли 1924, ҳангоме ки халқи тоҷик озодӣ ва истиқлолият ба даст овард, ба давлати ҷавон пойтахт зарур буд. Оё, ту, медонӣ, ки пойтахтро чӣ гуна интихоб мекунанд? - нохост нақлашро қатъ карда, пурсид бобои Ҳасан аз Чиғӯяк.
-
Не, - ҷавоб дод писарак.
-
Пойтахт ҳатман бояд дар маркази мамлакат ҷойгир бошад, мисли дили инсон. Мефаҳмӣ? - интизори ҷавоб нашуда, бобои Ҳасан давом намуд, - Маркази мамлакат, чунин ҷой деҳаи хурдакаке бо номи Душанбе буд.
-
Чаро шаҳри моро Душанбе номидаанд? Охир маънояш ба забони тоҷикӣ яке аз рӯзҳои ҳафта аст!?
-
пурсид Чиғӯяк.
-
Дар замонҳои қадим, дар рӯзҳои гуногун, одамон аз деҳоту маҳалҳои наздик бо мақсади хариду фурӯш меомаданд. Дар деҳаи Душанбе, ки дар чорраҳа воқеъ буд, рӯзҳои душанбе бозори калон ташкил мешуд.
Номи шаҳр низ аз ҳамин ҷо пайдо шудааст, - фаҳмонд, ба Чиғӯяки ҳайрон, бобояш. -
Олиҷаноб, шаҳри мо рӯзи ҳафта - ДУШАНБЕ!
-
хитоб кард Чиғӯяк, - Оё медонед, бобоҷон, ки дар шаҳри мо чӣ қадар одамон зиндагӣ мекунанд? Не!? - ва дарҳол ба саволи худаш ҷавоб гуфт, - 661,1 ҳазор одам!
-
Офарин, таъриф кард абераашро бобои Ҳасан, - Ту кишвари азизи худ, шаҳрҳову деҳоти мамлакататро хуб медонӣ? Дар Тоҷикистони мо шаҳрҳои қадима вуҷуд доранд?
-
Албатта, ҳастанд, - фавран ҷавоб дод Чигӯяк.
-
Умедворам, ту ба бачаҳо дар бораи шаҳрҳои қадима, одамони муқимии онҳо, дар бораи ҳама чизи шавқовари кишварамон, ки худат медонӣ, ҳикоя мекунӣ?
Чигӯяк, бобои Ҳасанро оғӯш намуда, ба ӯ ваъда дод, ки дар сафари ояндааш, ҳамаи он чизи шавқоваре, ки дар бораи Душанбе, одамонаш ва шаҳрҳояш медонад, ба дӯстонаш нақл хоҳад кард.
Бо бобояш хайру хуш намуда, вай сурудҳонон бо пайраҳа мефаромад:
Душанбе, Душанбе - шаҳри азизам,
Зеботарини дар рӯи олам!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо